БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ДОДА ШУД

ЁВОН. Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолияти онҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, тибқи ҷадвал аз ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан менамоянд.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат аз рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дидан намуданд.

Дар рафти омӯзиши ҳуҷҷатҳо муайян гардид, ки ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии мазкур то андозае қаноаткунанда мебошад. Дар охир аз ҷониби гурӯҳи корӣ барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳодҳои мушаххас дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg