БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРАСОН БА ОЗМУНИ ҲИЗБИИ “ МО БО ШУМОЕМ” ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХОВАЛИНГ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   ҷиҳати дар сатҳи  баланд гузаронидан ва ҷамъбаст намудани озмуни ҳизбии  “Мо бо  шумоем”  ҳамарӯза дар  муассисаҳои таълимии  ноҳия барои   дарёфт ба  озмун омода намудани  кӯдакон ва  наврасони аз 6 то  18  сола кор  мебаранд.

Бо   иштироки   роҳбари  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и  назди  Кумитаи  иҷроия  ҲХДТ дар ноҳия Зоиров Бобоҷон дар маркази маъюбон  барои дарёфти истеъдодҳои нав   санҷиши  ҳунарии  кӯдакони  маъюб  гузаронида  шуд.

Дар  баробари    бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ   ба  омӯзгорони  соҳа  дастур  дода  шуд,  ки  тарбиятгирандагонро   дар  асоси  Низомнома ба озмун  ҳаматарафа  тайёр  ва ҳавасманд намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg