БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ОРОМГОҲИ ХОҶА АЮБИ АНСОРӢ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи миҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҷиҳати тозаю озода   нигоҳдории ормгоҳҳои  ноҳия ва истифодаи дурусти онҳо,  ки  74 ададро ташкил медиҳад, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар асоси Аксияи “Рӯзи  ёдоварӣ”  бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои зиёди ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани атрофи оромгоҳҳо, маҳкам намудани атрофи оромгоҳҳо,  гузоштани нишона ва лавҳа дар қабр,  шинонидани арча ва дигар ниҳолҳои сояафканро дар якҷоягӣ бо бахши танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг  ба иҷро расониданд.

Чунин аксия дар оромгоҳи маркази ноҳия – оромгоҳи Хоҷа Аюби Ансорӣ  гузаронида шуд.Боиси тазаккур аст, ки чунин аксия то имрӯз дар ҳамаи оромгоҳҳои ноҳия гузаронида шуда, ҳамчунин дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристон ба мардум  ҳангоми баргузории аксия суҳбат доир карда шудааст. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg