
АНДЕША. Имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқи собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германияи гитлерӣ 76 сол пур шуд. Ин ғалабаи Армияи Шӯравӣ, ки баҳри озодии башарият аз зулми фашизм содир карда шудааст, дар хотираҳо абадӣ хоҳад монд. Ғалаба бар фашизм бар ивази фидокорию ҷонбозиҳои садҳо миллион сокинони сайёра дар набардҳои хунину бераҳмонаи солҳои 1941-1945 ба даст омадааст ва он то ба имрӯз ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном бурда мешавад.
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зидди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.
Мувофиқи маълумотҳои дар бойгониҳо маҳфузбуда, дар набардҳои ҷанг зиёда аз 260 ҳазор нафар Тоҷикистониён дар қатори дигар даъватшудагони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ иштирок намудаанд. Ҳафтоду чаҳор сол дар назди таърих чандон муддати тӯлонӣ нест. Вале, муддатҳои тӯлонӣ ҳам ҳарчанд сипарӣ гарданд, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Наслҳои имрӯзу фардо бояд ҳамеша ин қаҳрамониҳои беназирро қадрдонӣ кунанд ва дар мисоли онҳо насли ояндаи худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Хабари ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ барқвор ба саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла ба Тоҷикистон паҳн шуда буд. Бо шунидани ин хабари шуми фалокатбор дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот гирдиҳамоиҳо барпо мешуданд. Дар гирдиҳамоиҳо тамоми халқ қаҳру ғазаби бепоёни худро изҳор намуда, ба фашистон лаънат мехонданд. Ҳама ба як овоз даъват мекарданд, ки сафарбаркунии тамоми қувваҳо ба таври таъҷилӣ ташкил карда шавад то, ки душман тезтар торумор гардад.
Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҷанг ба Комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, дар аризаҳои худ изҳори ихтиёрона ба фронт рафтанро мекарданд.
Дар он рӯзҳо нависандаи маҳбуб ва фарзанди фарзонаи миллат Фотеҳ Ниёзӣ дар аризааш навиштааст: «Маълум мекунам, ки хоҳиши ихтиёрӣ ба сафи Армияи Сурх рафтан дорам ва то қатраи охирини хунам бар зидди фашистони ғоратгар меҷангам. Ман тайёрам, ки ҳамагуна супоришҳои Ватанро ба ҷо биёрам. Хоҳиш мекунам, ки пурсиши ман рад карда нашавад ва ман ихтиёран ба сафи ихтиёриён ба қайд гирифта шавам».
Бояд қайд кард, ки ин хоҳиши нависандаи ҷанговару ватандӯст аз ҳиссиёти баланди садоқатмандӣ ва вафодорию тайёр будан ба ҷонфидоӣ барои халқу Ватан аз сидқи дил гуфта шуда буд. Ва он сарнавишти зиндагиномаи нависандаи маҳбубро далоил шуд. Ӯ дар тамоми рафти ҷанг бо яроқу қалам душманони фашистиро мекӯфт. Худ ҷанговари шуҷоъ буд ва корнамоиҳои ҷангии фарзандони далеру қаҳрамони Ватанро аз майдони муҳориба бо фашистон дарҷи рӯзномаҳои ҷангӣ мекард. Ҷанговаронро рӯҳбаланди муборизаи зидди душман месохт. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷанггиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Корномаи ватандӯсти дигари тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст. Мисолҳои дар боло оварда шуда далел бар онанд, ки миллионҳо одамони замони шуравӣ Иттиҳоди Шӯравиро ватани азизи худ хонда, бо камоли садоқату боварӣ ба ҳимояи хоки он ба по хеста буданд.
Аз пойтахти Тоҷикистон то маҳаллаҳои дурдасти кӯҳсори ҷумҳурӣ ҳамаро рӯҳияи интиқомгирӣ фаро гирифта буд. Шабу рӯз дар ҷамоатҳо, деҳаҳои калон, марказҳои ноҳияҳо, дар Комиссариатҳои ҳарбӣ маъракаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда буданд. Ва қариб ҳар ҳафта баталёнҳои даъватшудагони ихтиёрӣ ба пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) фиристода мешуданд. Аз он ҷо бошад, онҳо ба фронт мерафтанд.
Боиси тазаккур аст, ки тарғиботу ташвиқот байни мардум дар рӯҳияи садоқату ватандӯстӣ ва муборизаи беамон бо душманони Ватан он замон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд ва он дар ташкилу сафарбаркунии қувваву воситаҳои зарурӣ ба фронт аҳмияти калон дошт. Дар афкору ақидаи мардум ҳиссиёти баланди патриотӣ ва амиқи маънавӣ, ягонагиву ватандӯстӣ чунон пурзур буд, ки ҳар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳама Ватан дониста мешуд. Намунаи онро дар мактуби Тоҷикистониҳо ба сокинони шаҳри Москва, дар лаҳзаҳое, ки соли 1941 фашистон дар масофаи хеле наздик ба пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд, баръало дидан мумкин аст. Дар мактуби санаи 19 октиябри соли 1941 аз шаҳри Сталинобод ба сокинони Москва фиристода шуда, ки фикру зикри тамоми меҳнаткашони Тоҷикистонро ифода менамуд, чунин омадааст: «Москвагиҳои азиз! Дар ин рӯзҳои пуртаҳлукаи муборизаи даст ба гиребоншавӣ бо роҳзанони фашистӣ, мо бо шумо ҳастем.
Тағайзода Рустам, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор