БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОАНГЕЗИЮ БЕШАРАФӢ ТО БА КУҶО МЕБАРАД ?

ВОКУНИШ. Тибқи наворҳои пахшшудаи интернетӣ мебинем, ки зархаридони хориҷӣ,  хоинони давлату миллат мехоҳанд давлати зебову озоди моро ноором созанд. Ин палидони сиёсӣ бо афкори хоинонаашон дар шабакаҳои интернетӣ бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз хеле зебо гаштааст, нооромӣ ва бесарусомониро мехоҳад ба роҳ монанд.  Ин ҳама ғайр аз ҳангомасозӣ ва гумроҳсозии ҷавонони Тоҷикистон чизи дигаре нест. Зеро   дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки давраи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанду то ҳол хонаводаи тоҷик алами онро фаромӯш накардааст, дигар фирефтаи дурӯғу дассисаҳои хиёнаткорони миллати тоҷик ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин нахоҳанд гашт.

Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин  аз он ҷавононест, ки шояд “шаҳду шакари” ҷанги шаҳрвандиро начашида бошанду оқибати онро дарк накарда бошанд.

Дастовардҳое, ки солҳои охир Тоҷикистони азиз ба даст овардааст, шароити зисту зиндагии мардуми он ба  давлатҳоеро, ки Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин  ҳаваси онро мехӯранду орзу мекунанд, баробар аст.

Носири Хусрав гуфтааст, ки:

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

К - имрӯз чи  хизмате ба мардум кардӣ.

Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинони Ватани азизамон  низ пеш аз ҳарф гуфтан аз худ маротибае мепурсида башанд, ки чӣ ҳиммати ҷавонмардонае нисбати миллати тоҷик нишон додаанд, кадом гӯшаи Тоҷикистонро бо ҳаммаслакони худ обод намудаанд ва умуман дар умри наонқадар дарози худ дарахте сабз намудаанд?!  Суханҳояшон аз ҳарзагӯиҳои шахсони беморони аз ақл берун дигар чизе нест.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони даврони истиқлолияти Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароитҳои фароҳам буда, дар паи омӯзиши илмҳои замонавӣ буда, фирефтаи зархаридон ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинони Ватани азизамон  нахоҳанд гашт.

Ҳайфи гумроҳон ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинони Ватан, ки аз неъмати даврони истиқлоли Тоҷикистон, аз дастовардҳои Тоҷикистон, аз файзу баракат, осмони софу беолоиш ва офтоби нурпоши Тоҷикистони азиз ҳаловат бурда наметавонанд ва қалби худро бо кибру ғурури бегонапарастӣ пур намуда, хешу наздикони худро,  зери борони хиҷолат мемонанд.

Шукрона аз он бояд кард, ки зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон милати тоҷик  рӯ ба рушд ниҳода, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи хоинон ва зархаридони хориҷӣ нахоҳанд гашт! 

Маҳмадаюб  Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg