
ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо мудири бахши кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, корманди бахши маориф, корманди бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо иштироки директори муассисаи мазкур, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 доир гардид.
Масъулин зимни суханрониҳо ба иштирокдорон оид ба нуктаҳои Паёми Сарвари давлат, моҳият ва дарки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷиноят, худкушӣ байни ҷавонон ва ноболиғон, дуруст ба роҳ мондани пӯшидани сару либос байни хонандагон, пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои номатлуби экстремистию террористӣ, аз шабакаҳои интернетӣ эҳтиёткорона истифода бурдан, ба касбомузӣ ва китобхонӣ бештар ҷалб гардидани ҷавонон, маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ бо хонандагон оид ба вазъи омодагиҳо барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва " Илм фурӯғи маърифат" тариқи саволу ҷавоб суҳбатҳо доир намуданд.