БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ НАЗАРРАСИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

КӮЛОБ. Масъулини  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кулоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин аз замини кишти назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” дидан намуданд.

Зимни боздид маълум гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр ҳар як порчаи заминро самаранок истифода намуда, ба ин васила саҳми хешро дар таъмини амнияти озуқаворӣ мегузоранд.

Дар ин  ҷо масъулини ҳизбӣ вобаста ба самаранок истифода намудани ҳар порча замин ва аз он рӯёнидани ду- се ҳосил дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg