БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

КӮЛОБ. Дар Кумитаи иҷроия бо иштироки раисони занони муассисаҳои таълимӣ, мурабияҳои донишгоҳу донишкадаҳо вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мутахассиси шуъбаи таблиғоти Кумита - Саъбагул Валиева, мудири шуъбаи кор бо занон  Мунаввараи Бозоралӣ, Рӯзизода Ҷамила  мутахассиси САҲШ – и шаҳри Кӯлоб, Каримова Зайнаб – раиси занони МТМУ №1, Нурзода Парвина – мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – и шаҳри Кӯлоб ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки яке аз самтҳои асосии ҲХДТ - ро маҳз самти  кор бо занон ташкил медиҳад, масоили марбут ба ҳаёту фаъолияти занон дар меҳвару ҷавҳари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад ва ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор ном мебаранд.

Дар идомаи суҳбат меҳмонон дар мавзӯҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, “Худкушӣ”,  “Даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб, “пешгирии зроварӣ дар оила” ва “Сабабҳои пош хурдани оилаҳои ҷавон” ибрози андеша намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тибқи нақша - чорабиниҳо пайваста бо ҷалби фаъолон нишасту мулоқотҳо дар мавзӯҳои мухталиф, ки масъалаҳои рӯзмарраро фарогиранд, доир  гардида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg