
ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов сохтмони Бунгоҳи тиббӣ ҷараён дорад, ки ин аз ҷониби саховатмандон барои мардуми ин деҳа бунгоҳи тиббии таваллудхона, дорухона ва барои бистарии беморон сохта ба истифода дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома ёфта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодиён суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, барои ободонии як гӯшаи Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.