
ДӮСТӢ. Миёни ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоӣ курси омӯзишӣ таҳти унвони "Созандагони Ватан" гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад карда, иштироки ҷавононро дар корҳои ободонию созандагӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва интихоби дурусти касбомӯзиро муҳим арзёбӣ намуданд.