БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД!

АНДЕША. Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар он  миллионҳо  сокинони сайёра, аз ҷумла 100  ҳазор  шаҳрвандони Тоҷикистон   қурбон гардида  буданд, аз мудҳиштарин фоҷиаҳои  таърихи башарӣ маҳсуб меёбад. Дар ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 300 ҳазор  ҷавонмардони Тоҷикистон иштирок намуданд. Нишони қадрдонӣ аз мардонагию ҷасорат дар мубориза бар  фашизми гитлерӣ беш аз 55 ҳазор аскарону афсарони  Тоҷикистон бо ордену медалҳои  ҷанги мукофотонида шудаанд, ки аз ин 16 ҳазор аз  вилояти Хатлон мебошад.

Фашизми олмонӣ бар сари  мардуми  Аврупо ва Осиё фалокатеро бор кард, ки онро башариати  одам асло надида буд. Вай қариб тамоми Аврупоро  тасарруф  намуда, мувофиқи  нақша бояд хоки Ҳукумати Шӯравиро низ пурра тасхир  мекард, вале ин нақша барбод рафта, соҳибонаш ба мурод нарасиданд.Фашизми Олмон пурра торумор гардид. Дар ин ҷанги беамону хонамонсӯз,  ки чор сол идома          ёфт, зиёда 56 миллион нафар одамон ҳалок гардиданд. Аз он ҷумла 26 миллион нафарашон шаҳрвандони ИҶСШ буданд.

Ҳатто дар ин ҷанги хономонсӯз занон низ дар фронт ба сифати  робитагӣ, тирандоз, телеграфист ширкат варзиданд, дар майдонҳои  набард шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар чор соли ҷанг занон ба ҷои мардон ҳатто тракторчӣ шуда, аксарияти  онҳо кулли рӯз дар саҳрои пахта, чобуқи обмонӣ карда, шабҳои  моҳтобӣ бо дос ғалла медаравиданд. Садҳо модарон бепарастор ва кӯдакон ятим монда буданд. Гуруснагӣ  мардумро таҳдид мекард. Вале  мардуми мо ба ҳамаи душвориҳои гарони замони ҷанг тоб оварда, оқибат ба муроди хеш расиданд. Бисёр занону модароне, ки дар ақибгоҳ меҳнати диловарона  карда, барои Ғалаба саҳмгузорӣ карда буданд, бо  мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шуданд.

Фатҳи Прага аз ҷониби Артиши Шӯравӣ аз шуҷоату мағлубнопазир будани иродаву матонати ҳар тан аз ҷанговарони мо дарак медоду паёми рӯшане буд,  ки то барҳам пошидани низоми фашистӣ рӯзҳои  башумор мондааст. Иттиҳоду якдилии миллатҳои гуногуни  кишварҳои бародар буд, ки  мо ҳуҷуми ногаҳонии фашистону иттифоқчиёнашро  баргардонида, онҳоро  саркӯб карда тавонистанд. Дар фронт як рӯҳияи бузурги матонату шуҷоатмандӣ ҳукумрон буд. Қарорҳои полки  дар як мавзеи начандон калон ҷойгир буда,  атрофи онро ҷангалзор иҳота карда буд. Таваҷҷуҳ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи Рӯзи Ғалаба бештар гардида буд. Сокинони Тоҷикистон хотираи  онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири  озодӣ  ва истисмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷо меоранд.  

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg