БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРУХ ЯК ПОРАИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

АНДЕША. Мо, ҷавонон бояд мураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи ҷомеа таҳдид менамояд, омода бошем. Ворух - яке аз қадимтарин деҳа дар ҳудуди кишварамон ба ҳисоб рафта, мардуми сарбаланду ватандӯсти ин минтақа то ин вақт расму оинҳои миллии худро дар марҳилаҳои дуру дарози таърихӣ ҳифз намудаанд. Ин гӯшаи зебоманзари диёр ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, барафрохтани Парчами миллӣ дар маркази ҷамоати Ворух дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишонаи олии ватандорӣ ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодиамон ба ҳисоб меравад. Сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонад, ки давлати азизи моро аз кулли ҳодисаву воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигоҳ дорад. Муборизаи мо бар зидди намояндагони собиқ ҳизби мамнӯъшудаи наҳзат, ки айни замон хориҷ аз кишварамон  қарор доранд ва пайваста бо ҳарзагӯйӣ ва туҳматҳои беасос ба номи Ватани маҳбуби мо иснод меоранд, беамон ва шикастнопазир бошад. Ҳар лаҳза, тайёр бошем, ки барои ҳифзи Ватани маҳбубамон–Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами устувори аввалин гузорем! Ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ва суннативу мазҳабӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатиро шарти муҳими кору фаъолият ва зиндагӣ шуморида, бо кору рафтори худ ба Ватан содиқ буданамонро собит созем.

Ҳодисаи охири дар Ворух ба амаломада нишон дода, мардуми кишварамон ба ҳифзи нигоҳдории амният ва сулҳу субот омодаанд. Бори дигар иброз медорам, ки роҳи ҳалли масъалаҳои сарҳад миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷанг ва силоҳу зӯрӣ нест. Зеро ҷанг на ба мо мардуми тоҷик ва на ба мардуми қирғиз лозим нест. Мушкилоти марзии мо танҳо бо роҳи музокирот ва гуфтушунид ҳал карда мешаваду халос.

Ғанизода Абдуқодир, муовини директори осорхонаи вилояти Хатлон ба номи Авасто

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg