БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ БА ҒАЙР АЗ ҶАНГУ ХУНРЕЗӢ БАРОИ МИЛЛАТ КОРЕРО БА АНҶОМ НАРАСОНИДААСТ

АНДЕША.  Имрӯз душманони миллат - ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом  баъди ба мақсади нопоки худ  нарасидан аз тарси ҷазо ба хориҷа кӯч бастан, аз он ҷо бетанаффус нисбати давлату Ҳукумат ва роҳбарони давлат ҳарзагӯӣ мекунанд.

Тамоми кӯшиши онҳо ба он равона аст, ки дар кишвар нооромиро ба вуҷуд биоранд  ва ҷонибдорони  худро аз ҳисоби ҷавонони бесавод ва ноогоҳ, ҷавононе, ки ҳодисаҳои  солҳои навадуми асри гузаштаро аз сар нагузаронидаанд ва асосан аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд намоянд.

Баромадҳои таҳқиркунандаи онҳо  аз он шаҳодат медиҳад, ки дар вуҷуди онҳо аз одобу ахлоқи неки инсонӣ заррае боқӣ намондааст.

Ягон чиз, ягон амал ва ҳодиса мудом пинҳон намемонад. Рӯзе мерасад, ки он худ аз худ боз аз тарафи содиркунандагони он ошкор мегардад.

Имрӯз сад дар сад собит шудааст, ки ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон шуда,  ҷанги  таҳмилӣ буд ва онро аз хориҷ ба воситаи зархаридон, онҳое,  ки  маблағгузорӣ карда мешаванд, барангехтанд.

Вагарна дар Тоҷикистон, ки 90 дарсади аҳолиааш мусулмон ва дар як мазҳаб – мазҳаби Имоми  Аъзаманд ягон зарурати таъсиси Ҳизби наҳзати исломӣ вуҷуд надошт.

Мақсад чӣ буд: таъсиси ин ҳизб ва ба воситаи он дигар кардани сохти давлатдорӣ ва асосан  аз байн бурдани мазҳаби ҳанафӣ ва ба ҷойи он ҷорӣ намудани мазҳаби шиа.

Шахсиятҳои маъруфи дин, ки дар ибтидо ба Ҳизби наҳзати ислом таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд, баъди фаҳмидани мақсади асосии роҳбарияти ин ҳизб аз он рӯ тофтанд.  

Як сабаби асосии гумроҳкунии мардум ҳам ҳамин буд, ки наҳзатиҳо  мақсади асосии худ – барпо намудани бо ном давлати исломӣ,  ҷорӣ намудани мазҳаби шиаро  пинҳон медоштанд.  Бисёре аз аъзои ин ҳизб ба он хотир ба ин ҳизб номнавис шуда буданд, ки ба онҳо  барои аъзогӣ маблағ медоданд. Онҳое, ки  дар маҷлисҳои ҳизбӣ иштирок менамуданд, аз маблағҳои хоҷагони саркардагони ин ҳизб бе насиб намемонданд.

Вақте диданд, ки  бо ин роҳ ба мақсад намерасанд, бо дастури охундҳо низои маҳалгароиро дар байни мардум барангехтанд  ва мамлакатро ба ҷанг кашиданд.  Натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз – кушта шудани  150 ҳазор одамони бегуноҳ ,  ятим мондани ҳазорҳо кӯдакон ва гуреза гардидани зиёда аз як миллион нафар сокинони осоиштаи мамлакат  ба ҳама маълум аст.

Ҳам Сайид  Абдуллои Нурӣ, ҳам Муҳиддин Кабирӣ ва дигар роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом худ мазҳаби шиагиро қабул ва ба он пайравӣ менамуданд ва дигаронро барои қабули он талқин мекарданд. Ногуфта намонад, ки худи Саид Абдуллои Нурӣ дастпарвари мактаби динии  Эрон - дастпарвари мактаби Қум  (донишкадае, ки танҳо шиагаро омода мекунад)  ва шахсияти ӯ гумоштаи ходимони инқилобии Эрон аст. Ҳамроҳонаш ҳам, ки як доираи хурдро ташкил медод, ҳамин донишкадаро хатм карда буданд.  Ӯ ба мақсади ташкили инқилоб дар Тоҷикистон фиристода шуда буд ва ҳадафҳои сиёсии ҳамон кишварро дар Тоҷикистон амалӣ намудан мехост.  

Имрӯз як самти фаъолияти ҲНИ- ро шиагарои ташкил медиҳад ва ин гуфтаро дар баромадҳои саркардагони ин ҳизб бараъло мушоҳида кардан мумкитн аст.

Мардуми мо бояд ба хубӣ бидонад, ки ТТЭ ҲНИ ҳанӯз ҳам аз нақшаҳои солҳои навадуми асри гузаштаи худ  даст накашидааст ва дубора мехоҳанд, ҳодисаҳои он солҳоро такрор намояд ва миллатро ба хоку хун оғушта намояд.

Аз ин рӯ, мо ва алалхусус ҷавонони мо набояд ба суханони иғвоангезонаи онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бовар намоянд ва ба доми фиреби онҳо афтанд.

Ҳамиро дар хотир дошта бошанд, ки ТТЭ ҲНИ барои миллат ба ғайр ҷангу хунрезӣ коре ба иҷро нарасонидааст  ва дар оянда боз мехоҳад, ҳамин ҳодисаро танҳо ба фоидаи охундҳои худ, ки онҳоро маблағгузорӣ менамоянд,  дубора такрор намоянд.

Нураҳмад Исматов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg