БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

БОХТАР. Дирӯз гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон бо хонандагони Литсейи касбӣ- техникии шаҳри Бохта вохӯрӣ доир намуданд.  Дар вохӯрии мазкур аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варизиши шаҳри Бохатр Мирзохониён Искандар, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳр Асадуллозода Ватан, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Амирзода Аловуддин ва дигар аъзои гурӯҳ иштирок доштанд.

Мақсади вохӯрӣ бо ҷавонон  фаҳмонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мақсаднок истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, донишомӯзӣ ва забоназхудкунӣ, бо меҳнати созанда пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диагр масъалаҳои муҳим ҷомеа буд.

Маврид ба ёдоварист, ки чунин вохӯрӣ дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо бахши кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар роҳандозӣ гардида, дар назар ат, ки дар дигар муасссаҳои таълимии шаҳр суҳбату вохӯриҳо ташкл ва гузаронида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg