БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРУХ-ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

АНДЕША. Сарчашмаҳои таърихӣ ишорат мекунанд, ки аз қадим то кунун мардуми тоҷик сулҳу суботро асоси пешрафти ҷомеа мешуморид ва намехост ба ҳамсояҳои худ дар муноқиша қорор дощта бошанд. Тоҷикон даъвои аз худ кардани ягон пораи замини кишварҳои ҳамсоя набуд, нест ва дар ин замина ҳеҷ гоҳ ягон пораи замини муқаддаси худро ба дигарон нахоҳад дод. Ворух як қисмати ҷудонашавандаи меҳани куҳанбунёд аст ва мо тоҷикон барои ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, пойдории Ворух омода ҳастем ва агар лозим шавад баҳри амнияти ин гӯшаи муқаддаси кишвар  ҷони азизи худро дареғ намедорем. Мо ҳизбиёни ноҳияи Панҷ ба аҳли  оилаи ҷонфидои ғурамарги Ватан Гадоев Салоҳиддин Раҳмоналиевич сабри ҷамил мехоҳем ва дуо мекунем, ки Яздони Пок барояшон махфират бахшида, охираташонро обод кунад. Бояд мардуми қирғиз донанд, ки мо Ворухро ба ягон сармояи дунё иваз намекунем, ки шоир барҳақ гуфтааст:

Халқи Хатлон, аҳли Ворух як тан аст,

З-он, ки Ворух марзи поки меҳан аст.

Файзизода Каримҷон Нозил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg