БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒУРУРИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ШИКАСТНОПАЗИР АСТ!

АНДЕША.  Тайи ду рӯзи ахир вазъи сарҳади давлатӣ дар минтақаи сарҳадии Ҷамоати деҳоти Ворӯх шаҳри Исфара хеле муташаниҷ буда,  тамоми  ҷавонони ватандӯст омодагии худро дар муҳофизати марзи Ватан аз нуқоти гуногуни ҷумҳурӣ изҳор медоранд. Хеле боиси ифтихору сарфарозист, ки масъалаи ҳифозати марзи давлатӣ дар минтақаи Ворӯх ҷавонони зиёдеро  бо ҳам овард. Собит шуд, ки барои фарзандони ин марзу бум  Ватан вожаи хеле муқаддасу гиромист ва баргузории ҷамъомадҳои шомгоҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар аз ғурури баланди фарзандони баномуси Ватан дарак дода, бори дигар эҳсос кардем, ки ҷавонони даврони имрӯз дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат сарҷамъанд ва агар лозим шавад дар ин роҳ ҷони худро қурбон месозанд.

Бадбахтона дар ин рӯзҳои ҳассос дастгоҳи идеологии хоинони Ватан дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷойи муттаҳид шудан ба хотири пойдории давлату миллат, баръакс  аз корҳои касифу разилонаашон намонданд, ки намонданд. Наворҳои видеоии  кӯтоҳро аз ҷонбозиҳои  фарзандони қаюри миллат дар минтақаҳои баҳсӣ ба таври худ банду баст карда,  тавтеаро  маҳаки асосии фаъолияти худ қарор доданд. Бори дигар ин тӯдаи авбош исбот карданд, ки  манфиатҳои гурӯҳӣ барои онҳо аз манфиати давлату миллат болост.

Мо ба хиёнаткориҳои шаурмахӯрҳои аврупоӣ баладем ва  таҳкими низоми давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллиро бидуни онҳо низ идома хоҳем дод. Зеро, эътимод ба душман ханҷар задан ба синаи дӯст аст.

Ин ҷо мехостам дар мавриди мавқеи сиёсии ҳамсоякишвари мо-давлати Қирғизистон дар масъалаи бо роҳи осоишта ҳаллу фасл кардани хатти марзи давлатӣ ибрози андеша намоям. Аниқтараш, тибқи таҳлилҳои асоснок кори комиссияи босалоҳияти давлатӣ дар масири муайян кардани марзи давлатҳо  аз ҷониби  кишвари Қирғизистон маротибаи чандум аст, ки яктарафа поймол мегардад. Дар муддати муайяни рӯи кор омадани се ҳукумат дар ин кишвар мавқеъ ва дипломатияи сиёсии он ҳамоно яксону бетақийр монд. Рӯи кор омадани ҳукумати Содир Жапаров вазъиятро ба якборагӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ боз ҳам тезу тунд сохт. Зеро бо мардумӣ нишон додани сиёсати давлатӣ дар ин кишвар гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз дастгоҳи давлатӣ ба таври айёрона истифода мекунанд. Тасаввур кунед, ки  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар муносибат бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масъалаи шартномаи қаблии ба Ӯзбекистон тааллуқ доштани обанбори Кампиробод ба якборагӣ санади имзогузоштаи худу ҳамтоёнашро  инкор кард. Гарчанде фишори зиёди  сокинони марзии кишвари Қирғизистон ӯро ба ин кор водор кард, вале чунин амал аз суст будани дипломатияи сиёсӣ ва заифии сиёсии номбурда дарак хоҳад дод.

Агар ба таърихи муноқиша дар сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон назар афканем, шояд сабабгори танишҳои марзии рӯзҳои охир сиёсати нооқилонаи ҳукумати кунунии Қирғизистон буд, ки  дар доираи тавтеаи роҳандозишудаю даъвои ҳудудии дигар ноҳияҳои кишварамон боис ба хашми мардум гашт. Ба ҳар сурат вақт довари ҳақиқат хоҳад буд ва дер ё зуд ин масъала аён хоҳад шуд.

Бинобар ин, даргириҳои шадид миёни мардуми бумӣ ва ҷузъу томҳои сарҳадӣ мақомдорони кишвари ҳамсояро ҳушдор медиҳад, ки  набояд бо думи шер бозид. Воқеан таҳаммулпазирӣ ҳадду ҳудуд дорад ва гузаштан аз хати қирмиз дар ин масир боиси шикасти рӯҳию ҷисмии тарафи муқобил хоҳад буд. Умедворем, ки масъалаи баҳси марзӣ дар доираи ҳусни тафоҳум ва ҳамзистии осоишта дар муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл мешавад, вагарна насли Деваштиҷу Темурмалик, Спитамену Восеъ ва садҳо тани дигар родмардони ин марзу бум иқтидору тавонмандии худро дар муқобили ҳариф дар марзу сангарҳои муҳориба нишон хоҳанд дод.

Толибҷон Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg