БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОГАРОНУ ДАССИСАБОЗОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Қобили зикр аст, ки чунин иғвогариву дассисабозӣ аз ҷониби қирғизҳо бори аввал нест. Сокинони минтақаи Ворух ва Чоркӯҳи Исфара бо таҳаммулпазирӣ ва риояи олии оини ҳамсоядорӣ аксари вақт худдорӣ ва ақибнишинӣ мекунанд. Вале қирғизҳои худхоҳ аз ин амали бошарафи тоҷикон сӯистифода намуда, даст ба куштори мардуми бегуноҳ мезананд. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Қирғизистон чунин муносибати ноадолатонаро дар марз, на танҳо бо миллати тоҷик раво дида истодааст, балки чунин муносибати худхоҳонаи худро моҳи сентябри соли ҷорӣ бар зидди низомиёни ӯзбек бо баҳонаи аломатгузорӣ нагардидани қисмати сарҳад роҳандозӣ намуд. Аз ин бармеояд, ки қирғизҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ки қисмати зиёди заминро соҳиб гардида, заминҳои аломатгузорӣ нашударо ба кишвари худ дохил намоянд.

Баъд аз ба даст овардани Иистиқлолияти давлатӣ дар майдони сиёсат гурӯҳҳои тундраву характери террористӣ – экстеремистӣ ворид шуданду ба сари халқу миллати тоҷик хоку хун рехтанд.

Мардумро фиреб дода, ба доми худ кашиданд ва ба ҷангу нобудӣ мубадал карданд. Ин авомфиребон бо ғояҳои ҷанобони хориҷии худ фаъолият мебурданд, ки дар натиҷаи ин рафтори террористӣ-экстеремистии худ ҳазорон шаҳрвандро қатл ва сайди сиёсати нопоки худ қарор доданд.

Ин хиёнаткорон, ки дар зери фишори хоҷагони хориҷии худ қарор гирифтаанд, мехоҳанд бори дигар бо фаъолияти террористӣ – экстеремистии худ фазои орому осудаи халқу миллати моро ноором созанд. Ин ғуломтабиатҳо ғуломиро аз озодӣ авло дониста, мехоҳанд боз мардумро ба куштору ҷанг даъват намоянд. Зеро ғулом қобилияти фикри худро надорад, соҳибаш чигуна амр намояд онро иҷро мекунад. Мо чавонони соҳибистиқлол намегузорем, ки накшаҳои онҳо амалӣ гардад.

Қосимов Фирдавс, мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти  КИ ХХДТ дар ноҳияи Вахш                                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg