БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ҶИДДӢ БОЯД МЕБОЯД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №61”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни суҳбат бо омӯзгорони ташкилоти ибтидоии номбурда масъулини ҳизбӣ оид ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва риояи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ба воя расанд. Ба равияҳои тундгарою террористиву экстирмистӣ ҳамроҳ нашаванд. Аз кирдорҳои зишту номатлуб канора ҷӯянд. Аз айёми хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдак ҳисси муҳаббату ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ бояд тарбия намуд.

Баъд аз анҷоми суҳбату мулоқотҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ аз тарзу услуби ҳуҷҷатгузории  ташкилоти ибтидоии "МТМУ №61" дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg