БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР ВА БОСАВОД ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

ВОСЕЪ.  Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва беҳтар намудани ҳуҷҷатгузории дохилиҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ МТМУ 27”-и деҳаи Ҳасан Қурбони ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ  доир гардид.

Ҳамзамон мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар ба иштирокдорони вохӯрӣ оид ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр суханронӣ намуд.

Зимнан омӯзгорони ташкилоти ибтидоии номбурда қайд намуданд, ки таълиму тарбияи ҷавонони худшинос, худогоҳ, бомаърифат ва хештаншинос барои ҳар як ҷомеа вазифаи муҳим мебошад. Падару модар, омӯзгорон, ҷомеа ва давлат метавонад бо кушишу талоши хеш ҳамеша барои ҷавонон шароити хуб фароҳам оварад. Вале гузашта аз ин омода намудани ҷавонон барои зиндагии фардо ва ояндаи давлат аз ҳама муҳим мебошад. Бинобар ин мо омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg