БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ВОРУХ РИСОЛАТИ АСЛИИ МО ҶАВОНОН АСТ

ВОКУНИШ. Ватан калимаи муқаддас аст. Ватан-Модар барои ҳар як шахси худогоҳу хештаншинос порае аз тан ва нафасе аз ҷон мебошад. Ҳар як пораи хок ва ҳар як қатраи оби Ватан барои пиру ҷавони он чун дуру гуҳар аст. Ҳимояи Ватан, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва муаррифии он дар саросари ҷаҳон рисолати аслии мо ҷавонон мебошад.

Тайи чанд вақти охир ҳамаи мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки Ворух вирди забонҳои хурду калони ҳам Тоҷикистон ва ҳам мардуми ҳамсоякишвари мо Қирғизистон гаштааст. Ворух сарзамини аҷдодӣ, диёри куҳанбунёд ва пораи ҷудонашавандаи Тоҷикистони азизамон мебошад. Мардуми ҳамсоякишвари мо имрӯзҳо даъвои марзхоҳӣ доранд. Хушбахтӣ ва сарбаландии мардуми тоҷик дар он аст, ки таърих собит намудааст, ки тоҷикон дар ягон аср барои ғазби сарзамине лашкар накашидаанду ба сӯи ягон мамлакат ва халқияте чашми бад во накардааст.  Олимону донишмандани тоҷик бо истифода аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ бори дигар собит карданд, ки натанҳо Ворух, балки Бодкент ва баъзе аз маҳалҳои қирғизнишин бо хоки муқаддаси Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Аз хомушӣ ва меҳрубонии мо истифода бурда ин мардуми ҳамсоякишвар бо андешаҳои фитнакоронаашон мехоҳанд, ки порае аз сарзамини аҷдодии моро аз худ намоянд. Бо ин амалҳои худ байни ду кишвари дӯсту бародар ихтилоф бараангехтанд. Дидаю дониста, ки онҳо ба мақсади худ намерасанд, боз дар марз бо якдигар заду хӯрд барпо намуда, хунрезӣ карда истодаанд. Ҳамаи инро дида ҷавонони далеру шуҷои кишварамон худро бетараф нишон дода натавонистанд. Ҷавонони боору номуси минтақаи Кӯлобу Рашт барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи он ба сӯи марз роҳсипор шуданд, то ки пораи ҷудонашаванда ва ивазнопазири Тоҷикистон, Ворухро ҳизф намоянд.

Ҳамаи ин масъалаҳо бо роҳи дӯстиву бародарӣ дар байни ду давлати ҳамсоя ҳалли худро хоҳад ёфт, аммо аз ин лаҳзаҳои ҳассос саркардагони ҳизби бо ном наҳзати ислом Кабирӣ, Иқболи беиқбол, Шарофидин Гадоев  ва дигар ҳаммаслаконашон сӯистифода карда, ба худ обрӯи ночизе харидан мехоҳанд. Ин ҳаромзодаҳо дар баъзе мавридҳо худро пуштибони давлату миллат мешуморанд, лекин имрӯзхо бошад суханҳое гуфта истодаанд, ки бар зидди ин давлату миллат аст ва тарафдори аз ҳамсоякишвари мо Қирғизистон карда истодаанд. Баромадҳои ин хоинони миллат мақбули мардуми Қирғизистон гаштааст. Онҳо худ хоинони давлату миллатанд, аз Ватан ин расвоҳоро пеш кардаанд, бо ин ҳол боз аз дур истода бо суханҳои иғвоангезонаи худ ва туҳмату буҳтоҳои бофта нисбати Ҳукумату давлат ва роҳбарияти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун «мусичаи бегуноҳ» нишон медиҳанд.

Мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо як ҷасорату матонат, азму иродаи қавӣ, ҳуввияти миллӣ ва ғурури ватандориву ватандӯстӣ дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, Ватани аҷдодиамонро аз ҳама гуна кашмакашиҳо ҳизф менамоем ва намегузорем, ки сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии ин марзи муқаддасамонро нохалафе халалдор созад.

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва   занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg