БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАРҒИБ МЕГАРДАНД

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватаншо Шамсов” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саъбагул Валиева ва Мунаввараи Бозоралӣ ҷиҳати тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”, инчунин озмуни ҳизбии “Мо бо шумоем!” вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд гардид, ки озмунҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон,  ҷалби бештари ҷавонон ба фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ, инчунин  дастгирии наврасони имконияташон маҳдуд бо дастуру сарпарастии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида истодаанд.

Дар ин замина аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба ин васила донишу малакаи худро такмил диҳанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба як қатор довталабоне, ки барои аъзо шудан ба ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, билетҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg