БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲОНИДАНИ ҶАВОНОН АЗ ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

КӮЛОБ. Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки  муовини раиси шаҳри  Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин дар мавзӯи “Хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он” баргузор гардид.

Зимни баргузории курс аз ҷониби Ҳамидиён Орзу қайд гардид, сабаби шомил шудани бархе нафарон ба гурӯҳҳои террористӣ, ин нобаробарии дараҷаи дониш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва паст будани маданияти сиёсии онҳо шаҳодат мебошад. Дар ин росто ба шунавандагони курс моҳият ва манзалати истиқлолият, ваҳдат, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ фаҳмонида шуда, аз ҷониби ҳозирин таъкид карда шуд, ки ба қадри ин неъматҳои бебаҳо бояд расид ва онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт.Дар фарҷом аз ҷониби шунавандагон суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg