БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ ВА ГАРАВИ САЛОМАТӢ

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани "Иди Ғалаба" миёни аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан", волонтёрони ҳизбӣ  ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Дӯстӣ  мусобиқаи варзишии "Волейбол" доир карда шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ ҷавонон фаъолона иштирок карда, дар бозии шавқовари волейбол чусту чолокии хешро нишон дода, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва обу тоби бадан саҳм гузоштанд. Дар анҷоми бозӣ дастаи ғолиб бо туҳафҳои хотиравии ҳизбӣ сарфароз гардонида шуда, чунин бозиҳои варзишӣ бо ҷалби ҷавонон дар ҳудуди ноҳия идома дорад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg