БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН КОРИ САВОБЕСТ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

БАЛҶУВОН. Ҳифзи  иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри анҷоми кори хайр дар моҳи шарифи  Рамазон ба аёдати як оилаи маъюб аз деҳаи Охбулоқи ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон   Саидов Раҷабалӣ, ки 5 фарзанди маъюб  дорад,  бо онҳо суҳбати самимона анҷом дода,   ба ин оила  кумаки яквақтаина расониданд.

Зимни суҳбат намояндагони ҳизбӣ бо ин оилаи маъюбдошта аз суханрониҳои  Пешвои миллат  ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кўдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста мекӯшад, ки ба ин қисми осебпазир кумакҳои доимиро равона карда, нисбати  маюбону ятимон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд.

Қайд кардан зарур аст, ки  беҳтарин амали хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон ба аёдати чунин  оилаҳои маъюб рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардида,  кумаки хешро дареғ надорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg