ҶАЙҲУН. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонону ноболиғон, нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, омодагиҳо ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Панҷ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имсол нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар муддати 15 рӯз пурра иҷро гардида, ҷавонони бо нангу номуси ноҳия ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд. Аммо ба ин муваффақиятҳо нигоҳ накарда, мо аз имрӯз саркарда ҷавонони синну соли даъватиро барои даъвати тирамоҳӣ омода созем.
Имрӯзҳо бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия якчанд курсҳои омӯзишӣ барои наваскарон таъсис дода шудааст, аз ҷумла курси ронандагӣ, ки онҳо метавонанд то даъвати тирамоҳӣ таҳсил кунанд ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шаванд.
Аз ин лиҳоз падару модаронро зарур аст, ки ҳисси ватандӯстиро дар фарзандони худ парвариш намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвар онҳоро ҳам аз ҷиҳати ҷисмони ва ҳам аз ҷиҳати руҳи тарбия намоянд.