ФАРХОР. Бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оиди пешгирии паҳншавии бемории COVID-19, мақсаднок истифодаи қувваи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Фархор гардиш доир намуданд.
Масъулин оид ба пешгирии ин вабо чунин, ибрози андеша намуданд, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ ва суст кардани паҳншавии вируси COVID-19, ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба ин беморӣ доштан аст. Худ ва дигаронро аз сироят ёфтан ҳифз намуда, риояи қоидаҳои гигиениро аз қабили дастонро зуд-зуд шустан, бо дастони ношуста нарасидани рӯй ва ҳамеша аз воситаҳои гигиенӣ истифода намудан зарур мебошад. Ҳамзамон, ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ, ниқобҳои тиббӣ дастрас намуданд.