БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари ҷавонон барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар курси омӯзиширо барои ҷавонон зери унвони «Созандагони Ватан» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2 аз ҷонибиби масъулини ҳизбӣ  дар мавзӯи «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан-Модар ё самараи хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон» гузаронида шуд.

Инчунин, оид  ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи доноӣ  китоб аст», «Тоҷикистон –Ватани азизи ман»,  «Илм фурӯғи маърифат», самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва инчунин оид бо мақсади мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти сокинон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg