ПАНҶ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ» аз гармхонаи узви фаъоли ҲХДТ, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Панҷ Азиза Муродова дидан намуданд.
Зинми суҳбат Азиза Муродова гуфт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии худ 1 гармхона бунёд намуда, аз он чанд муддат аст, ки ҳосили хуб ба даст меорам. Онҳо дар ин гармхона сабзавотҳои барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавотро кишт намуда, аз ин ҳисоб вазъи иқтисодии оиларо марҳила ба марҳила баланд мебардоранд.