БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НОМБАРДОРИ ИН ДАВЛАТУ ИН МИЛЛАТ

ҶАЙҲУН. Димрӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар муассисаи давлатии литсейи касбии техникии №34-и ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо таълимгирандагон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин атрофи масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати ҷавонон, бузургони илму фарҳанг ва нақши онҳо дар замони муосир, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва  интихоби касби муносиб суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» суханронӣ карда шуда, масъулин аз таълимгирандагони муассисаи болозикр даъват ба амал оварданд, ки дар озмунҳои зикргардида иштирок намоянд то ин, ки номбардори ин миллату ин Ватани маҳбуб гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg