
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андоз” аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси ташкилот ибтидоӣ Ибодуллозода Алиҷон ва дигар аъзо ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳо асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.