БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

АНДЕША.  Дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншави бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД)  ва  Гепотити С бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо,  роҳҳои гузариш, пешгири ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист. Бемориҳои сироятӣ аз се омили асосӣ таркиб ёфтаанд: манбаи сироят (одам ё ҳайвони сироятёфта), ноқили ангезанда, одамони ба сироят ҳассос. Ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ гуруснагӣ, ғизои  номунтазаму  якхела,  камвитаминӣ, хастагӣ, гарми аз ҳад зиёд, таъсири  сармо, гелминтозҳо, зичии аҳолӣ ва ғайра мусоидат менамоянд.

Бемории сироятӣ ба антропонозҳо ва зоонозҳо ҷудо карда  мешаванд. Антропонозҳо фақат хоси одам буда, одам танҳо аз одам сироят меёбад. Зоонозҳо хоси ҳайвонот буда, ба онҳо одам низ гирифтор мешавад, аз ҷумла, ҳангоми тамос бо ҳайвони касал. Гузариши ин бемориҳо тавассути микроб, бактерия ва вирусҳо ба амал меояд.Тамоми бемориҳое, ки аз зери назар дур мемонад ва дар сари вақт барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мушаххас намеандешанд, ба саломатии одамон хатари ҷиддиро ба миён оварда, дар баъзе мавридҳо оддитарин бемориҳо сабабгори  марги инсон мегарданд.   

Иботов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg