БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ АЗ ҶОНИБИ ШАХСОНИ ВАТАНДӮСТ

ДАНҒАРА. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои сохтмони ҳаммом ва ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ  дар доираи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар ҳудуди ноҳия дар  шоҳроҳщои мошингард ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст.

Аз рафти сохтмону ба истифода додани иншоотҳои гигиенӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмаҳмад Каримзода дидан карда, барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ аз шахсони ҳимматбаланду ватандӯст изҳори миннатдорӣ баён кард.

Ёдовар мешавем, ки аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатманд ин иқдоми номбурда дастгирӣ ёфта, имрӯзҳо барои расидани шаҳрвандон ба маданияти баланди шаҳрдорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg