БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДИИ МАҲАЛЛААМОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

БАЛҶУВОН. Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар ноҳияи Балҷувон низ корҳои созандагию бундкорӣ вусъати тоза пайдо карда, бо маром  идома  дорад.

Дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти  Балҷувон бо иштироки  сокинон, аъзои фаъоли ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи аксияҳои ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем”! ва “Якҷоя месозем”! назди ташкилоту муассисаҳо тозаю озода карда шуда, гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинонида шуд.  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тасмим гирифтааст, ки пайваста чунин аксияҳоро барои ободию гулгулшукуфоии диёр  доир намуда, мардумро ба созандагию бунёдкорӣ сафарбар карда, бо сарбаландӣ иброз  доштанд, ки 30- солагии Истиқлолиятро  бо дастоварду муваффақиятҳои назаррас таҷлил менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg