БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОНҲО

АНДЕША. Инсоният дар шароите ба асри ХХ1 ворид гардид, ки дунё ба таҳаввулоти азим дучор шуда, набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра тағйир ёфт ва ба таҳдиду хатарҳои наве рӯ ба  рӯ омад, ки муносибати комилан навро дар мубориза бар зидди ин гуна хатарҳо тақозо менамояд.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро баҳри таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини мамлакат шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳему ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо, тоҷикон, аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чи оқибати даҳшатнок оварда мерасонад. Барои он ки ягон инсони рӯи замин он даҳшатро ҳис накунад, мо бояд аз қувваҳои террористию экстремистӣ халос шавем ва мамлакати  худро аз таъсири марговари онҳо эмин нигоҳ дорем». Пешвои миллат дар дар яке аз баромадҳои худ тамоми роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро вазифадор сохтанд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлату ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Зеро, ки «терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли ин гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Чунин ҳаракатҳои ҷинояткорона бо мақсади маҷбур сохтани мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Террор ҳамчун усули ба мақсад расидан дар муборизаи сиёсӣ бо таҳдиди истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва маънавию руҳӣ аз давраи пайдоиши инсоният маълум мебошад. Аммо имрӯз терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, таҳдиди ҷиддии бехатарии тамоми ҷаҳони мутамаддин, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки то пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ бигирем, онҳоро ба кори ободии  Ватан, бунёдкорию созандагӣ ва шукуфоии кишвари азизамон раҳнамун созем.

Ҳошимов Тоҳир,  мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg