БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ САТҲИ ДОНИШУ МАЪРИФАТНОКИИ МАРДУМ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

АНДЕША. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаи маориф дар баробари дигар самту соҳаҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати заруриро беҳтар ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани саводнокии насли наврасу ҷавон равона намуданд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат қайд намуданд, ки “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”

Дар робита ин, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду сол мешавад, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи панҷ наминатсия баргузор гардид, ки дар даврони соҳибистиқлоли яке аз ташаббусҳои муҳим ва саривақтӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон номид.

Мақсад аз  баргузор намудани ин озмун, пеш аз ҳама дарёфт намудани чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рӯ овардан ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад.

Воқеан, китоб устоди тамоми башарият аст ва он хуршеди тавонбахшест дар осмони маърифат. Аз ин ҷост, ки ҳамаи бузургони ҷаҳон ба камоли муҳаббату самимият ва ихлосу сипос ситоиши ин сарчашмаи илму дониш карданду мартабаи онро баланд бардоштанд. Ин озмун дар ҳақиқат бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон аз қадим китобдору китобхон мебошанд. Дар ин ду соли баргузории озмуни мазкур чеҳраҳои боистеъдод ба миён омаданд ва такони ҷиддие гардид дар ин ҷода.

Таваҷҷуҳи тамоми мардуми Тоҷикистон ба ин озмун бештар гардида, ба як рӯҳу илҳоми тоза ҳар як нафар раванди онро тамошо мекунанд. Озмуни мазкур имрӯз тавонист аз пир то ҷавонро дар худ муттаҳид созад.

Имрӯз барои иштирок дар чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои алоҳида таъсис дода шудааст, ки метавонанд барои баланд гардидани дониши ҳар як шахс таъсири мусбии худро расонад.

Бояд иқрор шуд, ки тайи якчанд соли охир толорҳои китобхонаҳо қариб, ки холӣ буданд, ба истиснои ду-се нафар хонандагон ё донишҷӯёни макотибҳои олӣ. Имрӯз бошад, хушбахтона, бо роҳандозии озмуни мазкур китобхонаҳо пури одам ва саршор аз толибони илму маърифат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми сафарҳои кории Президенти мамлакатро тариқи оинаи нилгун мебинем зимни ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия ба дарсҳои хонандагон даромада, бо иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” саволу ҷавоб намуда, ба онҳо тавсияҳои муфид медиҳанд. Дар ин маврид мо фаъолони ҷомеаро мебояд бо пайгирӣ аз сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат пеш аз ҳама ташаббусҳои наврасону ҷавононро дар самти илмҳои гуногун дастгиру раҳнамо бошем.

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2019 зимни Паёми солонаи хеш Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Дар заминаи ин Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ зарур шуморданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Зеро бояд иқрор шуд, ки давлатҳое имрӯз дар ҷаҳон пешрафта ба ҳисоб мераванд, ки маҳз ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ диққати аввалидараҷа зоҳир менамоянд.

Пешвои хирадманд ва дурандеши мо – тоҷикон низ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат ҳамеша нерӯи хешро ба он равона месозанд, ки Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёбад ва насли ояндаи он аз шахсони олиму донишманд иборат бошад. Чунки танҳо шахсони донишманд метавонанд барои пешрафти дилхоҳ давлат замина фароҳам биёрад.

Дар ин росто боварии комил дорем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, махсусан, падару модарон барои соҳибкасб шудани фарзандон ва дар амалӣ шудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат тамоми кӯшишу ғайрати худро дар чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ равона месозанд.

Мунаввараи Бозоралӣ,  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg