БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД!

КӮЛОБ. Зери ҳамин унвон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лаёқат” бо иштироки масъулони ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҳфили адабӣ-бадеӣ бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ масъулини ҳизбӣ ба сухан баромада, қайд намуданд, ки тибқи дастуру супоришҳои Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон - Мирзо Турсунзода маҳфилҳои илмию адабӣ баргузор шуда истодааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андӯхтаи худро дар либоси сухани бадеӣ ба ҷилва орад ва таваҷҷуҳи хонандаи тоҷикро ба ин неъматҳои бебеҳои зиндагӣ гаштаю баргашта ҷалб намояд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагон бо шеъру сурудҳи устод Мирзо Турсунзода ба итмом расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg