БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-БАДЕӢ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

КӮЛОБ. Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш чорабинии илмӣ-бадеӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин ва дигар азъои ҳизб баргузор гардид.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш” Обидзода Саймуҳаммад ба сухан баромада, қайд намуд, ки Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир, мутафаккир, фарзанди бовафои халқу миллат тамоми ҳастияшро барои баланд бардоштани маданияту адабиёти тоҷик бахшидааст имрӯз ва то абад бо ашъори нобаш дар дилу дидаҳо хоҳад монд.

Ҳамчунин, Саймуминзода Фирӯз Саймумин иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода яке аз шахсиятҳое буд, ки тамоми  халқиятҳои ҷаҳонро дар шеърҳои худ ба сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ даъват менамуд. Дар робита ба ин мавсуф таъкид кард, ки маҳз бо дастгириҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси маззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаҳо дар саросари мамлакат бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд.

Чорабиниро дастовези рагини шеъру сурудҳо аз ашъори шоири халқӣ –Мирзо Турсунзода ҳусни анҷом бахшид.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg