БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ва гирифтани дасти шахсони ниёзманди ҷомеа бахшида ба 76- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Эҳтиёҷмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» кори хайреро анҷом доданд.

Зинми аёдат  Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ба оилаҳои эҳтиёҷманд Собирова Гулниҳол ва бо якчанд оилаи ниёзманд суҳбати самимона анҷом дода, ба онҳо  кумаки яквақтаинаи моддӣ расонид.

Аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён шахсони аёдатшуда ва аҳли оилаи онҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg