БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМОМӮЗИЮ МАЪРИФАТПАРВАРӢ АЗ ОМИЛҲОИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ БА ШУМОР МЕРАВАД

ҶАЙҲУН. Бахшида ба 110-солагии  шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода миёни  хонандагони муассисаҳои таълимӣ  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар рафти чорабинии мазкур масъулин ба сухан баромада, оид ба  мавзӯҳои болозикргардида суханронӣ  намуда, қайд карданд, ки устод Мирзо Турсунзода Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шӯрои дӯстии Осиё ва Африқо, шоири халқии Тоҷикистон , фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки  номаш таърих сабт гардидааст. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати шеърхонии хонандагон, ҷалб кардани онҳо ба китобхонӣ, озмуни адабӣ шеърхонӣ аз ашъори устод Мирзо Турсунзода то 30-юми июни соли ҷорӣ баргузор мегардад. Зеро дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад.

Инчунин,  кормандони ҳизбӣ  даъват ба амал оварданд, ки  то охири моҳи апрел ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун барои иштирок дар ин озмун муроҷиат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg