БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ...

ХОВАЛИНГ. Чунин буд мавзӯи суҳбате, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ховалинг  ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1  гузарониданд.

Дар суҳбат дар бораи зарурат ва аҳамияти баргузории озмунҳои  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи - маърифат”, “ Мо бо шумоем” ба таври муфассал сухан рафта, аҳли нишаст барои иштироки фаъолона дар ин озмунҳо ҳидояту роҳнамоӣ карда шуданд.

Таъкид гардид, новобаста аз он ки шахс дар ин озмунҳо иштирок менамояд ё не,  бояд барои баланд бардоштани савияи дониш, инкишофи нутқ, дар худ пайдо намудани хислатҳои неки инсонӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ китоб мутолиа намояд. Зеро маҳз китоб чунин хислатҳои некро дар одам тарбия менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg