БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН МАҚСАДИ АСОСИИ МОСТ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо мақсади иҷрои баргузории корҳои тарғиботӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ дар ҳудуди шаҳраки Фархор бо усули «хона ба хона» гардиш намуданд.

Дар рафти баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ суҳбат намуда, қайд карданд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба манфиати давлату миллат мебошад.

Ҳамзамон, оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки истифодабариашон дар шароити имрӯза зарур ба шумор меравад, маслиҳатҳои муфид дода, аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.

Дар масъалаи риояи гигиенаи шахсӣ аз тарафи масъулин ба аҳолӣ варақа – таъкидҳо ва буклетҳо дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg