БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино»-и маркази саломатии ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдошти дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ ва аксияҳои ҳизбӣ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.

Дар охир ба нафароне, ки барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg