БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГИИ МУҲИТ ГАРАВИ САЛОМАТӢ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ  дар кӯчаи Борбади Марвазӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва аъзои фаъоли ҳизб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии муҳити зист-гарави саломатӣ” гузаронида шуд.

Дар  аксияи мазкур нуқтаҳои партови шаҳраки Дӯстӣ аз ҳамагуна партовҳо тоза карда шуда, ба муҳити атроф ҷилои нав бахшида шуд.

Инчунин, бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун урӯҳҳои корӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар татбиқи раванди ободонию созандагӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим муассир аст.

Воқеан ҳам дар корҳои ободонӣ ва тоза кардани муҳити зист аз ҳар гуна ифлосӣ ва партовҳо солҳои охир аксарияти мардум бештар масъулиятро дарк намуда, ташаббускор гардидаанд. Сокинони ноҳияи пайваста ба таври дастҷамъона ба ободу тозакории маҳали зисти худ ва атроф баромада, дар тозагию ҳифзи муҳити зист ва атрофи маҳали худ саҳми муносиб мегузоранд.

Тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки дар ин росто, бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию-гигиенӣ ва экологии аҳолии ноҳия, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки омили асосиашон партофтани партовҳо ба муҳити атроф, тадбирҳои муҳим андешида, дар тозагии муҳити зист саҳмгузорӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg