БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НА ҲАР КАС НИҲОЛРО САБЗ КАРДА МЕТАВОНАД!

АНДЕША. Барои иҷрои кори ободонӣ, хайру саховат ирода доштан ва талош намудан аз ҳар як нафар тақозо мегардад. Нафарони тандуруст ва сарватманд бештаранд, аммо на ҳамаи онҳо иқтидори обод намудани диёр ё ин, ки иҷрои амалҳои хайру саховатро доранд.

Баъзан нафарон ба дарахти сабз табар зада, онро ҳамчун ҳезум истифода мебаранд, аммо боре фикр накардаанд, ки барои сабзиши як дарахт чи гуна вақт ва меҳнат сарф шудааст. Албатта, барои як ниҳолро ба дарахт табдил додан ин кори осон набуда, таваҷҷқҳи доимиро талаб мекунад.

Нафаре, ки бештар дар сабз намудани ниҳолҳо саҳм мегирад, ӯ шахси босахо ва дурандеш аст. Зеро сабзонидани табиат ва шинонидани танҳо як ниҳол дар оянда метавонад ҳазорҳо нафар аз он баҳра гиранд. Бунёди боғу токзор ва сабзонидани минтақаҳои гарм ин амалест, ки ба фоидаи табиат, инсоният ва ҷонварон мебошад. Дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки аз овони ҷавонӣ барои сабзонидани ниҳол азму талош намуда, боғҳо бунёд кардаанд. Аммо ин зумра нафарон шояд мевае аз ниҳоли шинонидаашон начашидаанду аммо барои наслҳои оянда ва сабзонидани табиат саҳми худро гузоштанд. Маҳз зарур аст, ки дар замири наслҳои оянда масъулияти ҳифзи табиат ва нигоҳдошти сарватҳои онро ҷой намоем.

Табиат тамоми ҳастиашро барои мо бахшидаасту мо ҳар сония аз тамоми мавҷудоти он баҳра ва манфиат мебарем. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи сарватҳои табиӣ сабзиши он саҳми худро гузорем. Агар дар ин ҷода мо бетарафиро пеша кунем, пас бо дасти худ ба ҳифзи муҳити зист зиён мерасонем. Пас зарур аст, ки дар оилаи худ мунтазам ба насли наврас фаҳмонем, ки тамоми наботот ва ҳайвоноти табиатро ҳифз намоянду дар сабзиш ва ҳифзи он талош варзанд.

Дар замири ҳар як узви ҷомеа ҷой карда шавад, ки охири сол назди худ ҳисобот диҳад, ки аз ниҳолҳои шинонидааш чи миқдори он сабз шудаасту чи миқдораш хушк. Бо ҳамин усул мо кафолат медиҳем,  ки табиати мо сабзу беғубор барои садсолаҳои оянда ба  мо манфиат мебахшад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg