БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ «МО БО ШУМОЕМ» ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Мо бо шумоем»-ро  баргузор намуд.

Дар озмун аслан маъбон ва хонандагон иштирок намуда, ба қироати шеър, маҳорати суханварӣ, хондани суруд ва навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул шуданд. Дар охир ба ду нафар маъб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Сипоснома тақдим гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg