БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШАНБЕ-ХОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

ПАНҶ. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар замини назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ шанбегӣ таҳти унвони «Душанбе-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон» доир гардид.

Дар шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи корхона аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия алафҳои бегонаро тоза намуда, гулҳо ба тартиб дароварда шуда, дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ  тоза карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg