
ДАНҒАРА. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя месозем!” корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати дар рӯҳияи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30 – солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Ҷумҳуриявии Клиникӣ” бо иштироки васеъи кормандон шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон ба тоза намудани саҳни беморхона аз ҳар гуна алафҳои бегона, шинонидани гулҳои ороишӣ, бунёд намудани гулгашт дар саҳни беморхона барои беморон ва дигар корҳои ободониву созандагиро роҳандозӣ намуданд, ки ин амал ба ҳусни як гӯшаи диёр ҳусни зебогиро зам намуд.