БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ҶИНОЯТ АСТ!

ВОСЕЪ.  Дарси навбатии курси омӯзишии “Созандагони Ватан” бо иштироки Сафар Ҳафиза Разоқ   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба яке аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи имрӯза “Пешгирии зӯроварӣ дар оила ” баргузор гардид.

Зимни баргузории курс аз ҷониби Сафар Ҳафиза қайд гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар мамлакат «Соли оила» эълон гардид. Мақсад аз чунин иқдоми нек пешгирии зӯроварӣ, муноқишаҳои хонаводагӣ, ҷудошавии оилаҳо, боз ҳам тақвият бахшидан ба танзим, ҳуқуқ ва масъулияти падару модар дар назди фарзандон, инчунин вазифа ва ҳуқуқи фарзандон дар назди падару модар мебошад.

Муносибатҳои байниҳамдигарии зану шавҳар дар оила барои аҳли хонадон, хусусан фарзандон нақши тарбиявӣ дорад. Агар зану шавҳар якдигарро эҳтиром накарда, ҳар рӯз байни худ ҷанҷолу хархаша намоянд, ин амали норавои онҳо ба кӯдакони ҳамон оила зарари манфӣ мерасонад, онҳо дигар на ба падар гӯш медиҳанду на ба модар, ки ин дар тарбияи онҳо самари нек ба бор намеорад.

Дар охири дарс аз ҷониби шунавандагон ба масъулини ҳизбӣ суолҳо пешниҳод гардида, ба саволҳо худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg