
ШАМСИДДИН ШОҲИН. Дар таърихи 14-уми апрели соли равон дар бинои комичроияи нохиявии хизб вохурии кормандони маркази ВНМО-и нохия бо кормандони комичроия сурат гирифт.
Зимни суханронихои кормандони масъули марказ Ризоева Сарвиноз ва Гулчехраи Зайниддин маълум гардид,ки чорабинхои баргузор намудаистодаи кормандони масъули маркази ВНМО-и нохия дар байни сокинону кормандони касбу кори гуногун чихати баланд бардоштани маърифати тиббии кормандон ва роххои пешгири аз Вич/ Спид иборат буда, ба иштирокчиён бобати пешгири ва чилавгири аз фахшу фохишаги ва даст бардоштан аз хар гуна кирдорхое,ки шаъну шарафи инсониро паст мекунанд, маслихатхои муфид доданд.
Инчунин дар рафти баргузории чорабини аз чониби масъулин дар байни кормандони комичроияи нохиявии хизб варакахои иттилоотии зидди ВНМО ва рифолахои ройгон таксим карда шуд.