
ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и бахшида 110 солагии устод Мирзо Турсунзода синф –конференсия гузаронида шуд. Дар конференсия (дар аксҳо) хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адабии шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода маълумоти муфассал пайдо намуданд.
Кормандони Кумитаи иҷрояи дар асоси нақша чунин чорабинӣ, аз ҷумла вохӯрӣ, суҳбат , мизи муддавар, конференсия, шабнишинӣ ва шабҳои адабиро дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо баргузор менамоянд.